Хабарҳо

slider_img
slider_img

Вохурии Вазири нақлиёт бо намояндагони ширкати “Омнипол” – и Чехия

Санаи нашр: 20-01-2023 Просмотрено: 163

Рӯзи 20-уми январи соли равон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо ноиби президенти ширкати “Омнипол” – и Чехия ҷаноби Джозеф Пига баргузор гардид, ки дар он  Набизода Азиз - муовини директори Агенти авиатсияи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок дошт. Фаъолияти ширкат дастрас намудани таҷҳизоти авиатсонӣ ва ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми L410 UPV ва L410NG барои парвозҳои маҳаллӣ мебошад.

Намояндагони ширкат рунамои ҳолатҳои техникии ҳавопаймои L410 UPV ва L410NG, ки дар Чехия истеҳсол мешавад, ба иштирокчиёни вохӯрӣ пешниҳод намуданд. Қайд гардид, ки ҳавопаймоҳои мазкур, аз ҷиҳати бехатарӣ дар сатҳи баланд қарор дошта ва барои интиқоли бору мусофирон  дар қаламрави Тоҷикистон бисёр мусоид мебошанд.

         Набизода Азиз низ баъди рунамои ва гирифтани посух ба саволҳои худ, ин навъ ҳавопаймоҳоии худро хуб арзёбӣ карда омодагии Агентии авиатсияи гражданиро барои идомаи гуфтушунид ва ҳамкориҳо иброз намуд.