Новости

slider_img
slider_img
slider_img

Ҳамоиш оид ба тарғиби Паёми Президенти кишвар

Дата: 23-01-2023 Просмотрено: 1598

 

-           Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат менамояд ва дар робита ба ин, супориш доданд, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешем  – иброз дошт вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар ҳамоиши аъзои ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Нақлиётчӣ» дар якҷоягӣ бо ҷонибдорони ҲХДТ аз дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт ва корхонаҳои зерсохтори он, ки рӯзи 23 январ дар Вазрати нақлиёт доир гардид.

            Вазири нақлиёт оид ба ин ва дигар нуктаҳои аз Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии кишвар сухан карда, таъкид карданд, ки Паёми Сарвари давлат роҳнамои ҳаёти ҳар як тоҷикистонӣ аст ва ҷиҳати амалӣ намудани банду нукоти он бояд ҳама саҳмгузор бошем. Ҳар сухани дар Паём ирогардида дар худ ҳадафи беҳбуд бахшидани ҳаёти ҷомеаро дорад.

            Вазири нақлиёт ҳамчунин оид ба сохтмону таҷдиди роҳҳо, саҳми соҳаи нақлиёт дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, ҳар чи зудтар амалӣ намудани Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва дигар масъалаҳо, ки дар Паём ироа гардиданд,  сухан карда, ба аъзои ҲХДТ ва дигар иштирокчиён дастурҳо дод.

            Дар ҳамоиш ҳамчунин Нисо Бобоева – раиси кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии роҳҳо, Содиқҷон Нуралихонзода – раиси Шӯрои ҷавонони дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт ба сухан баромада, оид ба сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар бораи ҷавонон, ҳифзи амнияти кишвар, посдории муқаддасоти миллӣ ва дигар масъалаҳои марбута ҳарф заданд.

            Дар фарҷоми ҳамоиш Вазири нақлиёти кишвар ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нақлиётчӣ” тамоми аъзои ташкилот ва кулли ҷонибдорони ҲХДТ- ро ба дастгирии сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давалат, дар амал татбиқ намудани бандҳои Паём  ба Маҷлиси Олӣ даъват намуд.