Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Муҳокимаи масъалаи сохтмони 55 км роҳҳои автомобилгарди маҳаллии деҳаҳои минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун”

Санаи нашр: 13-01-2023 Просмотрено: 5599

Санаи 13 январи соли равон бо мақсади мушаххас намудани роҳи ҳаллу фасли масъалаҳои сохтмони 55 км роҳҳои автомобилгарди маҳаллии деҳаи Сайидони болои ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун ва деҳаҳои ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод дар асоси супориши дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муовини якуми Вазири нақлиёт Бобозода Раҳим ҷаласаи корӣ бо ҷалби масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ доир гардид.

Ҷаласаи мазкур доир ба масъалаҳои интихоби масири минбаъдаи сохтмони роҳҳои маҳаллӣ дар минтақа, ҷалби маблағҳои давлатӣ ва сармояи хориҷӣ, дар мавзеи обанбори неругоҳ нигаронида шуда, зимни он ҳамаи  паҳлуҳои масъалаҳои зикргардида баррасӣ гардиданд.