Хабарҳо

slider_img
slider_img

Муҳокимаи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ» Бо намояндагони Бонки Исломии Рушд

Санаи нашр: 09-01-2023 Просмотрено: 314

Бо мақсади ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон – Фархор – Панҷ - Дӯстӣ” санаи 9 январи соли 2023 мулоқоти Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони Бонки Исломии Рушд вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи татбиқи марҳилаи 1 лоиҳаи номбурдаро мавриди муҳокима қарор дода шуда, зикр гардид, ки он як ҷузъи долонҳои байналмилалӣ буда, масири кутоҳ ҷиҳати баромадан ба роҳҳои кишварҳои минтақаро  фароҳам меоварад.

Роҳи автомобилгарди мазкур аҳамияти калони иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои густариши мусофирбарию боркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ, рушди сайёҳӣ, паст намудани нархи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои нақлиётӣ мусоидат менамояд, - иброз дошт вазир.

Қайд кардан ба маврид аст, ки рўзи 10-уми январи соли равон намояндагони Бонки Исломии Рушд бо ҳамроҳии директории Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳои Душанбе – Чаноқ Шарифзода Зафар аз лоиҳаи мазкур дидан намуда, фикру андешаҳояшонро дар бораи ҷанбаи техники лоиҳаи мазкур баён доштанд.

Ҷонибҳо зикр карданд, ки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд сол то сол рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромад ва минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.