Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ барои гузаронидани асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи “Сохтмони роҳи оҳани Ҷ. Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён” Гурӯҳи махсуси омӯзишии Институти молиявии КОЙКА барои баррасии маблағгузории татбиқи лоиҳа санаи 6 январи соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Маврид ба зикр аст, ки дархости молиявӣ барои ҷалби сармояи Ҷумҳурии Корея дар татбиқи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи мазкур ҳанӯз моҳи сентябри солии 2022 ба Институти молиявии КОЙКА сурат гирифта буд.
Сафари Гуруҳи кории номбурда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 13 январи соли равон давом ёфта, дар натиҷа ҳисоби дахлдор ба дафтари марказии институти молиявии КОЙКА пешниҳод карда мешавад.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни татбиқи лоиҳаи Ҷ. Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён шохаи ҷанубии роҳи оҳани кишварро ба роҳи оҳани Афғонистон пайваст намуда, имкони васли роҳи оҳани Осиёи Миёна ба кишварҳои Шарқро фароҳам меорад.