Новости

slider_img

Табрикоти солинавии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим

Дата: 31-12-2022 Просмотрено: 19307

 

Ҳамкасбони азиз!

 

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамасола имсол низ аксари вазифаҳои бардӯшдоштаашро бошарафона иҷро намуда, дар асоси сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаву тадбирҳои таҳия ва тарҳрезишударо амалӣ намуд.

 

Соли 2022 - ро роҳдорону нақлиётчиёни кишвар бо дастовардҳои назаррас паси сар карданд. Оғози корҳои сохтмноӣ дар роҳи ав-томобилгарди Данғара – Бохтар (29 километр) ва қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ– сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон (93 километр), корҳои лоиҳакашии таҷдиду бунёди роҳҳои Хуҷанд – Конибодом ва Рӯшон – Хоруғ – то деҳаи Варшез, бо иштироки Пешвои муаззами миллат ба истифода додани пул дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ва бо иштироки Сарвазири кишвар ба истифода додани нақби мошингузар дар мавзеи Ширговади ноҳияи Дарвоз аз зумраи ин дастовардҳоянд.

 

Ҳамчунин соли сипаригашта пас аз таваққуфи тӯлонӣ хатсайрҳои қатораи мусофирбарӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия кушода шуда, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба мусофирон дар қатораҳои мусофирбарӣ шароити хуб фароҳам оварда шуд.

 

 Бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва афзоиши боз ҳам беҳтари ҳамлу нақли бору мусофир бо ташаббуси Вазорати нақлиёт Конфиронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа” дар шаҳри Душанбе доир гардида, дар доираи он ташкили интиқоли мултимодалии борҳо тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ дар масирӣ «Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия» ба роҳмонда шуд. Илова бар ин созишномаҳои зиёди ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ баста, ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳо ва барномаҳои мақсадноки соҳа қарордодҳо ба имзо расонда шуданд.

 

Аз ин музаффариятҳои роҳсозону роҳдорони кишвар Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ ишора карда, бо ифтихор қайд карданд, ки “Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар радабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳдорад”.

 

Ин боиси сарфарозии мо кормандони соҳа аст.

 

Рӯйхати дастовардҳои маҷмааи нақлиётро дар соли сипаришаванда ме-тавон боз идома дод, вале бо овардани намунае чанд иктифо намуда, умед дорем, ки минбаъд низ ба хотири рушду тавсеаи соҳаҳои марбути вазорат ва созандагиву ободкорӣ дар ватанамон бо роҳбарии Сарвари хирадманди кишвар, аз дилу ҷон фаъолият намуда, уҳдадориву вазифаҳои ояндаро низ бошарафона иҷро хоҳем намуд. Набояд фаромӯш созем, ки дар соли оянда ҳам вазифаҳои ба зимагузоштаамон кам нестанд. Тарвре, ки Сарвари давлат дар Паёмашон иброз доштанд “Соли 2023 татбиқи 5 лоиҳаи дигар, аз ҷумла, сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб (32,5 километр), Данғара – Гулистон (49,2 километр), Гулистон – Фархор (40 километр), Бохтар – Ле-вакант – Данғара (40 километр), 4 қитъаи роҳдар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорвдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар ВМКБ оғоз мегарданд”.

 

Умедоварам, ки ин ва боз дигар вазифаҳои пурмасъул, ки аз ҷониби роҳбарияти давлат бар душамон гузошта шудаанд, дар Соли нави мелодӣ бо сарбаландӣ хоҳем баромад ва дар амалӣ намудани иқдоми дигари пешгирифтаи роҳбарияти кишвар, яъне ба кишвари муосири транзитӣ табдил додани Тоҷикистон таҳти ҳидоятҳои Президенти маҳбубамон боз гомҳои устувортар хоҳем гузошт.

 

Бо чунин ниятҳои нек Соли нави мелодиро барои ҳар кадоми шумо, ба аҳли хонавода ва пайвандонатон табрик гуфта, бароятон саодати зин-дагиву хушбахтиҳо ва комёбиҳои тоза таманно мекунам.

 

Бигузор соли куҳна тамоми ғаму андуҳва мушкилоти рӯзгорро бохуд бурда, Соли нави мелодӣ шодиву фараҳ, осудагии кишвару аҳли хонадон ва муваффақиятҳои корро барои ҳар яки мо бо худ дастовез орад.

 

Соли нави мелодӣ муборак, кормандони арҷманди маҷмааи роҳу нақлиёт!