Хабарҳо

slider_img

Кумак ба маъюбони мактаб - интернат

Санаи нашр: 27-12-2022 Просмотрено: 9584

Дар партави сиёсати инсондӯстона ва ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2023 ба тарбиятгирандагони мактаб интернати шаҳри Ҳисор либосҳои гарми зимистона ва  туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Тӯҳфаҳоро Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ва сардори Хадамоти давлати назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт  Қурбонзода Далер  ба тарбиятгирандагони  ин интернат тақдим намуданд. Дар ин маросим раиси шаҳри Ҳисор Қосим Раҳбар низ иштирок доштанд.

Вазири нақлиёт тарбиятгирандагонро бо Соли нави мелодӣ табрик гуфта, қайд кард, ки дастгирии маъюбону ниёзмандон яке аз самтҳои иҷтимоии сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, Пешвои муаззами миллат ба  дастгирии моддиву маънавии ниёзмандон ҳамеша эътибори хос зоҳир мекунад. Шумо ҳамеша дар паноҳи давлату роҳбари ғамхори он ҳастед, ки ин нуқтаро борҳо Сарвари давлат таъкид намуда буданд, - гуфт Азим Иброҳим.

Хонандагон бо қироати шеърҳо ва намоиши солинавӣ миннатдории худро ба Сарвари давлат баён доштанд. Директори мактаб интернати мазкур дар  навбати худ ба Пешвои миллат барои ғамхориҳои пайваста дар ҳаққи ниёзмандон арзи сипос намуда, ба Вазорати нақлиёт ва раиси шаҳри Ҳисор барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.