Барои саҳми босазо гузоштан дар таҳкиму рушди ҳамкориҳои судманди соҳаи нақлиёти кишварҳои узви ИДМ аз ҷониби Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон як қатор кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медал ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд. Мукофотҳоро вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим зимни ҷаласаи корӣ ба кормандони соҳа тақдим намуд.
Аз ҷумла, Вализода Рустам – сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо бо медали “Союздорстрой”, Саломзода Раҳмиддин – директори МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ИДМ, Мусозода Маҳмадназар – сардори Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ бо нишони сарисинагии ба номи “А.М. Алиев”, Манзаров Усмон – сармутахассиси Раёсати корҳо бо Ифтихорномаи Шӯрои байниҳукуматии Роҳсозон, Амонзода Эгамберди – Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат бо Ифтихорномаи ташкилоти байниҳукуматии Иттифоқҳои касаба, Мирзоализода Ҳошим – сармутахассиси Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо ва Шкуренко Александр Анатолевич – сармутахассиси Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ бо Ифтихорномаи Шӯрои ҳамоҳангсози нақлиётии ИДМ, Ҳодизода Комрон – сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус ва Сафарзода Мақсудҷон – мудири бахши ҳуқуқ бо медали Академияи байналмилалии нақлиётӣ сарфароз гардонида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки чунин мукофотҳоро Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон қаблан низ ба як қатор кормандони соҳа тақдим намуда буд.
Ҳамчунин кормандони Раёсати корҳои Дастгоҳи марказии Вазорат Усмон Манзаров ва Саидшариф Ёқубов бо медали соҳавӣ Ифтихорномаи Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд