Бо супориши Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли нави мелодӣ Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар ҳамроҳӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр аз Қисми таъиноти махсуси “Алфа”, Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва дигар мақомоти қудратии шаҳри Кӯлоб дидан карда мулоқот доир намуд.
Роҳбари гурӯҳи корӣ ҳангоми вохӯрӣ сарбозону афсарон ва роҳбарияти мақомоти мазкурро аз номи Пешвои муаззами миллат бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, туҳфаҳои солинавиро такдим намуд.
Дар рафти суҳбат вазири нақлиёт оид ба нуқтаҳои дар Паёми Пешвои муаззами миллат баён гардида дар бораи ҳифзи марзу буми Ватан, садоқат ба Ватан, ифтихори миллати тамадунофари тоҷик ва дигар масъалаҳои муҳим сухан карда, онҳоро ба хизмати софдилона ба Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар даъват намуд.
Дар доираи сафари корӣ вазири наклиёт Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб собиқадорони касбу кори гуногунро аёдат намуда, ба онҳо аз номи Пешвои миллат маводҳои ғизоӣ ва туҳфаҳои соли навиро тақдим намуданд.