Новости

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Бардошт аз Паём дар Вазорати нақлиёт

Дата: 23-12-2022 Просмотрено: 1946

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба  Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли равон  баргузор гардид, ки онро кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона тавассути шабакаи телевизиони давлатӣ мустақиман тамошо карданд.

         Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу, тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки соли 2023 татбиқи 5 лоиҳаи дигар, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон–Кӯлоб (32,5 километр), Данғара–Гулистон (49,2 километр), Гулистон–Фархор (40 километр), Бохтар–Левакант–Данғара (40 километр), 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз мегардад.

Дар ин ҷода, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастур дода шуд, ки бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.