Новости

slider_img
slider_img

Муҳокимаи масъалаи гендерӣ бо кормандони Вазорати нақлиёт

Дата: 20-12-2022 Просмотрено: 1244

 Дар Вазорати нақлиёт рӯзи 20–уми декабр бо иштироки кормандони Вазорати нақлиёт ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Баробарии гендерӣ” гузаронида шуд.

         Семинарро намяндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар доираи Лоиҳаи “Хариди амволи давлатӣ бо инобат гирифтани ҷанбаҳои гендерӣ” ва “Баробарии занону мардон дар соҳаи нақлиёт” гузаронида, мавзӯҳои бартараф намудани монеаҳои иҷтимоӣ, ки барои зоҳир намудани бонувон ҳамчун шахсият халал мерасонанд, инчунин бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои баробарии иҷтимоӣ барои татбиқи баробарии занон ва мардон дар соҳаҳои гуногуни фаъолият муҳокима гардиданд.  Дар доираи тренинг масъалаҳои баробарии гендерӣ ҳангоми фаъолият, ҳуқуқҳои занону мардҳо, роҳҳо ва омилҳои рушди занон, ки ба имкониятҳои онҳо таъсир мерасонанд, баррасӣ  гардида,  аз ҷониби иштирокунандагон хуб пазируфта шуданд.