Дар мавзӯи «Ҳамкории нақлиёт ва логистика миёни Тоҷикистон ва Русия», 15 декабри соли 2022 мизи мудаввар баргузор гардид, ки аз ҷониби Шӯрои соҳибкорони Руcияву Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ 60 нафар ширкаткунандагон аз ширкатҳои интиқолдиҳанда ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ва Русия, ки аз кори бефосилаи долонҳои нақлиётӣ истифода мекунанд, намояндагони сохторҳои бонкӣ, ниҳодҳои рушд ва марказҳои таҳлилӣ, инчунин роҳбарияти вазорату идораҳо ва палатаҳои савдо ва саноати ҳар ду кишвар тариқи маҷози иштирок доштанд.
Раиси Шӯро Ислом Назаралиев ба он таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, ки ҳамкориҳои Руcияву Тоҷикистон дар самтҳои муайян шудаи дуҷонибаи байни давлатӣ, балки барои рушди нақлиёту логистика дар Осиёи Марказӣ низ муҳим аст.
Дар чорабинӣ ҳамчунин муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини вазири нақлиёти Федератсияи Русия Игор Чалик суханронӣ карданд. Намояндагони сохторҳои гумруки ҳар ду кишвар, намояндаи савдои Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков, ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Владимир Падалко ва муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова ва дигар шахсони масъул суханронӣ намуданд.
Мизи мудавварро олим ва коршиноси маъруфи соҳаи нақлиёт, доктори илмҳои техникӣ, профессор Олег Дунаев роҳбарӣ кард.
Дар фарҷоми мизи мудаввар гурӯҳи корӣ оид ба нақлиёт ва логистика таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ ба таври доимӣ фаъолиятнамуда, пайваста масоили марбутаи нақлиёту логистикаро муҳокима ва баррасӣ намуда, тавсияҳои таҳия кардаи он дар форумҳои тиҷоратӣ ва муҳимтарин вохӯриҳои байни давлатии дуҷонибаи соли оянда ба нақша гирифта шуда, амалӣ карда мешаванд.