Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим аз рафти корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи таҷдиди роҳи автомбилгарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон дидан намуда, ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида ва бо сифат ба анҷом расонидани кор ба масъулин дастур дод.
Бояд қайд кард, ки сохтмони роҳи автомобилгарди мазкур 20 сентябри соли 2022 оғоз гардида, айни ҳол корҳо дар 5 мавзеи он бо маром ҷараён доранд.
Роҳи автомобилгарди мазкур бо дарозии 93 км бо ду хати ҳаракат, 2 адад нақб (3,4 км ва 1,8км) 5 адад долонҳои зиддитармавӣ, 15 пул ва дигар иншооти муҳандисиро дар бар мегирад. Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор ширкати чинии «China Road and Bridge Corporation» мебошад.