Пули мазкур моҳи май бар асари сӯхтори калон дар Бозори марказӣ ба садама дучор ва вайрон гардида, бо дастуру ҳидоятҳои саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо истифода аз техника ва кормандони КВД “Бадахшонроҳсоз” ва Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ” барқарорсозии он оғоз ва дар нимаи дувуми моҳи декабр анҷом ёфт.
Сардори МД “Идораи хоҷагии роҳҳои автмобилгарди ВМКБ” Далер Мукаррамшоев изҳор додшт, ки дарозии пули мазкур 100 метр ва паҳниоии он 4 метр буда, бо дастгирии Вазорати нақлиёт барои барқарорсозии он зиёда аз 1 милиону 374 ҳазор сомонӣ сарф гардида буд. Ин пули мазкур аз болои дарёи Ғунд ду мавзеи шаҳри Хоруғ – маҳаллаҳои табобатхона ва Сайфулло Абдуллоро бо ҳам пайваст мекунад.