News

slider_img
slider_img

Мулоқот бо сафири Русия

Date: 15-12-2022 Просмотрено: 1376

Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода 15 декабри соли равон бо сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев мулоқот доир намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба  дар самти  ҳамлу нақли транзитии байналмилалӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи роҳи оҳан ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро муҳокима намуданд.