News

slider_img
slider_img

Китобхонаи Вазорати нақлиёт дар озмуни ноҳиявӣ сазовори ҷои аввал гардид

Date: 19-12-2022 Просмотрено: 1918

Китобхонаи Вазорти нақлиёт дар даври ноҳиявии озмуни “Китобхонаи беҳтарин” ҷои аввалро ишғол намуда, соҳиби Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ гардид.

Озмуни мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 апрели соли 2021, №219 дар бораи баргузор намудани озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки аз ду давр  иборат буд, баргузор гардид.

Бино ба иттилои китобдори Китобхонаи Вазорати нақлиёт Гулҷабин Қодирова ин китобхона  соли 2019 таъсис дода шуда, дар он зиёд аз 2710 китобҳои бадеӣ, илмӣ, соҳавӣ ва техникӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд. Корманди Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт дар вақтҳои холӣ аз китобҳои ин макони ганҷ истифода мекунанд.