Новости

slider_img
slider_img
slider_img

Имзои санадҳои ҳамкорӣ бо Покистон

Дата: 15-12-2022 Просмотрено: 1752

Санаи 14-уми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии  Покистон Сафари расмӣ анҷом дод, ки зимни сафар санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуд.

Дар доираи сафари мазкур Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим Созишномаи тиҷорати транзитиро байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расониданд.

Мавриди зикр аст, ки санади болозикр бо мақсади рушди тиҷорат, ҳамлу нақли байналмилалии бор бо истифода аз намудҳои гуногуни нақлиёт, зиёд гардидани молу маҳсулот ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид дар ин самт мебошад.