Новости

slider_img

Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи JICA

Дата: 15-12-2022 Просмотрено: 1964

 

Рӯзи 5-уми декабри соли равон дар толори  Вазорати нақлиёт ҷаласаи 4-уми Кумитаи Муштараки Ҳамоҳангсозӣ оид ба лоиҳаи Рушди Иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии пулҳо баргузор гардид.

Нахуст муовини вазири нақлиёт Фаррух Неъматзода ва роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллали (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мунео Такасака суханронӣ намуда ба ҷонибҳо барои гузаронидани чунин семинари пурмуҳтаво изҳорӣ сипос намуд.

Сипас, гуруҳи коршиносони JICA оид ба рафти татбиқи лоиҳа дар 6 моҳи гузашта ва нақшаҳои корӣ барои 6 моҳи оянда ҳисобот доданд. Гуфта шуд, ки дар 6 моҳи гузашта тренинг омӯзишҳои ҷолиб оид ба муоинаи пулҳо бо таҷҳизоти муосир аз ҷониби коршиносони ҷопонӣ дар манотиқи гуногуни минтақаи Суғд, Бохтар ва Ҳисор гузаронида шуд. Дар тренинг омӯзишҳо намояндагони ИХРА-ҳои минтақаи Кӯлоб, Рашт, ВМКБ низ иштироки фаъолона доштанд. Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони Вазорати нақлиёт, КВД “Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ” ва Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ суханронӣ намуданд.

Бояд қайд кард ки дар муддати 20 рӯз 19 нафар мутахассисони соҳа аз Вазорати нақлиёт, идараҳои хоҷагии роҳҳо, муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳои автомобилгард, КВД “Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ” ва Донишгоҳи Техникӣ ба номи Осимӣ ба Ҷопон барои иштирок дар тренинг-омӯзишҳо аз ҷониби JICA сафарбар шуда буданд. Вазорати нақлиёт ба Агентии JICA изҳори миннатдории беандоза барои сафарбар намудани мутахассисонро  ба Ҷопон баён намуд.

Дар охир аъзои ҷаласа рафти татбиқи лоиҳаро қаноатбахш баҳогузорӣ намуда, изҳор намуданд, ки минбаъд низ саҳми муносиб дар рафти иҷроиши лоиҳа аз ҷониби тарафайн гузошта хоҳад шуд.