Дар доираи ҳамкориҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Роғун- Обигарм-Нуробод марҳилаи 2, аз 29-30 ноябри соли 2022 дар Вазорати нақлиёт семинари омӯзишӣ зери унвони “Хариди амволи давлатӣ бо инобати ҷанбаҳои гендерӣ” ва “Баробарии занону мардон дар соҳаи нақлиёт” аз ҷониби коршиносони Бонк доир гардид.
Семинари омӯзишӣ бо иштироки кормандони Вазорати нақлиёт, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Марказҳои татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо баргузор гардида, ба иштирокдорон зарфиятҳои соҳаи нақлиёт ҷиҳати ҷалби занону бонувон ба лоиҳаҳои роҳу нақлиёт фаҳмонда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки 25 июли соли 2022 дар Вазорати нақлиёт дар доираи нишасти дуюми кории коршиносони соҳа бо шумури намояндагони ниҳодҳои дар боло зикршуда ва ширкатҳои машваратии лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод масъалаи баргузории семинарӣ мазкур ба намояндагони БАТР пешниҳод гардида аз ҷониби онҳо хуб пазируфта шуд.