Новости

slider_img

Аз сафҳаи шабакаҳои иҷтимои дар бораи роҳдорон АҲСАН БА КОРМАНДОНИ ИДОРАИ РОҲ ВА РОҲБАРИ ҒАМХОРИ ОН

Дата: 13-12-2022 Просмотрено: 1442

Кор дар рӯзномаи "Нигоҳи халқ" рости гап масъулияти хеле баланд дорад. Барои омода намудани шумораҳои чопӣ ва ҳатто навиштани як хабар, ё гузориши хубе барои саҳифаи фейсбукии нашрия, ки шукр бештар аз 7 ҳазор хонандаи доимӣ (подписчик) дорад, баъзан то нимаи шаб дар идора мондан зарур мешавад. Аз ин рӯ дери шаб бо таксӣ (мутаассифона кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ то ҳанӯз мошини хизматӣ надорад) ба хона меравам. Он шаби барфи аввал низ - 5 декабр дертар корҳоро анҷом додаму ба хона равон шудам. Бояд гуфт, ки субҳи барвақти ҳамон рӯз, ки барф шиддат дошту замин ях буд, "газел"-у "старекс"-ҳои мусофирбар қариб, ки набуданд, шояд бо сабаби омода набудан ба чунин туҳфаи табиат пушти печкаи гармро аз кор афзалтар медонистанд. Вале кормандони муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард бо масъулияти баланд ба роҳҳо, аниқтараш ба мусофирон ғамхорӣ мекарданд. Дар чунин сармо хоби ширинро қурбон намудаву маводҳои зиди лағзишро пошидан ба роҳи асосии ноҳия Бӯстон - Азизободро дида, ғоибона ба роҳбари муассисаи мазкур (Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Масчо) Давронбек Миров офарин гуфтам. Дигар ронандагону мусофирон низ хурсанд буданд, ки роҳ омода асту бехатар.

Ин сатрҳоро менависаму рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ кардани акои Давронбек ба ёдам мерасад; ҳамаи кормандони идораи мазкур тавассути дуруст фаҳмонидани ғояҳои ҳизб аъзои ҲХДТ шуданд, обуна ба нашрияҳои ҳизбии "Минбари халқ", "Сухани халқ" ва "Нигоҳи халқ" иҷро шуд. Кормандони идораи роҳ низ аз роҳбари худ розиянд; ташкили хӯроки гарм, либоси хуби корӣ ва муомилаи шоистаи ҳаррӯза ба кӣ маъқул нест?

Бигзор сафи чунин инсонҳои нек бештар шаваду диёри мо ободтар...

Муллошукур Шокирзода,

сардабири ҳафтаномаи "Нигоҳи халқ"