Рӯзҳои 6- 9 декабри соли равон ҳайати намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири нақлиёт Фаррух Неъматзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Роҳдорон ба шаҳри Москва сафар карданд. Ҷаласаи Шурои байниҳукуматии роҳдорон масъалаи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи роҳдориро мавриди муҳокима қарор медиҳад.
Дар доираи ин сафари корӣ Фаррух Неъматзода бо муовини авали Вазири нақлиёти Федерацияи Россия Дмитрий Зверев мулоқот намуд. Зимни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақл матраҳ гардиданд.