Дар муассиса ва корхонаҳои Вазорати нақлиёт бо фармоиши вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Муовини сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар – Яқубов Набӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шуда, барои хизмати тӯлониаш дар соҳа аз ҷониби роҳбарияти Вазорат қадрдонӣ гардид. Ба вазифаи муовини сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар – Исмонқулов Субҳонқул, ки вазифаи сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро ба уҳда дошт таъйин гардид.
Ҳамчунин сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар – Файзалиев Маҳмадулло Раҷабалиевичро ба кори дигар гузаронида, ба ҷои ӯ Ҳақназаров Нусратулло таъйин карда шуд. Ҳақназаров Н қаблан вазифаи сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷро ба уҳда дошт.
Муовини сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и вилояти Суғд – Мансуров Мирзоалӣ низ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи ишғолнамудааш озод ва ба ҷои ӯ Мирпочоев Икромҷон –корманди муассисаи мазкур таъйин карда шуд.
Ҳамзамон дар мувофиқа бо Вазири нақлиёт директори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” – Мумин Лашкар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ишғолнамудааш озод ва Саидзода Сайфиддин ба ҷои ӯ таъин карда шуд.