Хабарҳо

slider_img
slider_img

Баррасии масоили ҳамлу нақл бо намояндагони Белорусия

Санаи нашр: 02-12-2022 Просмотрено: 1376

   Рӯзҳои 29-30 ноябри соли 2022 дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баргузор гардид.

   Нахуст намояндагони Ҷумҳурии Белорусия бо роҳбарии сардори Раёсати нақлиёти автомобилй ва мусофирбарии шаҳрии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Белоруссия Гладкий Андрейро вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба ҳузур пазируфта, ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба  дар соҳаи боркашонии байналмилалии автомобилӣ, муайян намудани квота ва табодули варақаҳои иҷозатномадиҳӣ  барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои соли 2023, масъалаи шартҳои истифодаи чопи дастгоҳи идоракунии рақамӣ (тахограф) аз ҷониби интиқолдиҳандагони ҳарду ҷониб ва дигар масъалаҳои марбутаро мавриди муҳокима қарор доданд.

   Сипас, баррасии масъалаҳо дар сатҳи коршиносону мутахассисони соҳаи нақлиёти ҳар ду кишвар сурат гирифт.

   Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои рушди минбаъдаи иқтисодӣ иқтидори назаррас дорад. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки сарфи назар аз чолишҳои нав, ҳаҷми ҳамлу нақли бор миёни ду кишвар дар соли 2021 ва 11 моҳи соли 2022 нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфтааст.

Бо назардошти афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ ва эҳтиёҷоти интиқолдиҳандагони ҳарду кишвар, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки  табодули варақаҳои иҷозатдиҳӣ барои соли 2023 – ро зиёд кунанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро барои фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ миёни ду кишвар боз ҳам беҳтар ба роҳ мемонанд.

Оид ба рафти мулоқот ҷонибҳо протоколи ҳамкориро ба имзо расонданд.