News

slider_img
slider_img
slider_img

Варзишгарони Вазорати нақлиёт ғолиби мусобиқа шуданд

Date: 22-11-2022 Просмотрено: 1778

Вазорати нақлиёти кишвар дар мусобиқаи варзишии байни вазорату идораҳо оид ба шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи мизӣ, ки бахшида ба Истиқлоли давлатии кишвар аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва моҳи ноябр ҷамъбаст шуд, сазовори ҷойи аввал гардид. Ифтихорномаҳо Ҷоми мусобиқа ва мукофотҳои пулиро вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ ба ғолибони мусобиқот тақдим намуда, барои иштироки фаъолонааш дар чорабиниҳои варзишӣ ба онҳо изҳори сипос намуд ва иброз дошт, ки дар оянда ҳам ин иқдомро идома диҳанд.

Дар ин мусобиқа 6 нафар кормандони сохторҳои Вазорати нақлиёт аз ҷумла, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷойҳои намоёнро соҳиб гашта, бо Ифтихорномаҳо ва ҷоми мусобиқа сарфароз гардиданд.

Дар ин сабқат аз рӯи намудаи тенниси рӯи мизӣ Ҷамшед Исмоилов, аз рӯи мусобиқаи шоҳмот Шарифов Раҷабалӣ ва дар мусобиқаи шашка миёни мардҳо Амиров Фозил ҷойи аввалро ишғол намуданд. Акимов Азиз аз рӯи мусобиқаи шоҳмот ва Алимардонов Саидбек дар мусобиқаи шашка миёни мардҳо ҷойи дуюм ва Ақдодова Сулҳия дар мусобиқаи шашка миёни бонувон ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Кормандони Вазорати нақлиёт ва корхонаҳои зерсохтори он дар дигар мусобиқаҳо низ иштироки фаъолона дошта, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштаанд.

Дастаи футболи «Локомотив»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», соҳиби ҷои аввал ва барандаи Ҷоми мусобиқот гашта, ба бозиҳои миёндаврии минтақаи Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ роҳхат ёфт.