Шоҳроҳи автомобилгарди Хоруғ – Ош, Шоҳроҳи Бадахшон (Помир) дар соли 2022 на танҳо ба даҳгонаи зеботарин роҳҳои ҷаҳон дохил шуд, балки пас аз Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷои сеюм қарор гирифт. Радабандии зеботарин роҳҳои ҷаҳонро сомонаи rating-avto.ru нашр намудааст.
Тибқи баҳогузории торнамои мазкур дараи Вердон дар ҷанубу шарқи Фаронса ва шоҳроҳи Далтон дар Аляска аз роҳи Бадахшон (Помир) зеботар дониста шуданд.
Ин минтақаи роҳи байналмилалии Душанбе – Хоруғ – Ош Роҳи Бадахшон (Помир) бо манзараи зебову дилнишинаш беназир дониста шудааст. Маҳз дар шоҳроҳи Бадахшон (Помир) манзараҳои экзотикӣ, ки ба роҳҳои кӯҳӣ хос аст, нақбҳо, дараҳо, растаниҳои нодир ва ҳатто деҳаҳоро дидан мумкин аст.
Шоҳроҳи мазкур, ки шаҳри Хоруғи Тоҷикистонро бо шаҳри Оши Қирғизистон мепайвандад, аз якчанд ағба мегузарад, ки пасттаринаш Талдиқ дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, ағбаи Оқбайтал (4650 метр) ба нуқтаи болои «боми ҷаҳон» ҳамсоя аст.
Ба даҳ роҳи зеботарин инчунин шоҳроҳи Трансфэгэраш дар Руминия, роҳи Чуйский дар қаламрави Олтойи Русия, роҳи Атлантик дар Норвегия ва шоҳроҳи Тянмени Чин дохил шуданд.
Инчунин роҳи рақами 40 дар Аргентина, роҳи Уқёнуси Бузург дар Австралия ва Доираи Бузург дар Колорадои ИМА низ зеботарин масирҳои ҷаҳон дониста шуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки Шоҳроҳи Бадахшон (Помир) ё роҳи Хоруғ – Ош, ки қисмате аз роҳи Душанбе – Хоруғ – Ош мебошад, бо дарозии беш аз 1,2 ҳазор километр соли 1933 сохта шуда, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз шоҳроҳи мазкур таҷдиду навсозӣ гардида, ҳанӯз ҳам сохтмону таҷдиди роҳҳои самти ВМКБ идома доранд. Роҳдорони кишвар бар он мекӯшанд, ки роҳҳои кишвар дар тамоми фасли сол барои рафтуомад кушода бошанд. Пас аз таҷдиду навсозии пурраи роҳ, ки аллакай дар нақша аст, ин роҳ дар радабандии ҷаҳонӣ ба ҷойи аввал хоҳад баромад.