Бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирки роҳбарият ва кормандони Вазорати нақлиёт ҳамоиши тантанвӣ баргузор гардид. Ҷаласа бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, нахуст муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода табрикоти вазири нақлиёт Азим Иброҳимро ба саҳми ҳозирин расонд, ки дар он оид ба моҳияти таҷлили Рӯзи Парчам дар кишвар, таърихи таъсиси парчам ва мавқеи он дар сиёсати давлатдорӣ сухан мерафт.
Қайд гардид, ки мо аз он ифтихор дорем, ки имрӯз, ки бархе аз кишварҳои ҷаҳон ба даргириҳои сиёсиву иқтисодӣ рубурӯ ҳастанд, мо дар фазои озоду осуда ҷашнҳои миллиамонро зери ливои сулҳу субот таҷлил мекунем ва Парчами давлатии мо чун рамзи ин давлати соҳибистиқлол дар кишвар ва дигар ақсои олам дар ҷаласаҳо ва мусобиқаву мулоқотҳо парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Сипас кормандони ҷавони соҳа Ганҷинаи Эмомалӣ ва Сироҷи Махсуд аз таассуроти худ дар бораи таҷлили Рӯзи Парчам, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва мафҳуми рангу аломатҳои парачами кишварро ба ҳозирин расонданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиёни дигар низ аз посдорӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ҳарф зада, барои пойдории сулҳу субот дар кишвар ба Пешвои муаззами миллат арзи сипос намуданд.