Хабарҳо

slider_img

Ба таваҷҷуҳи интиқолдиҳандагони хатсайрҳои байналмилалӣ

Санаи нашр: 24-11-2022 Просмотрено: 1895

Вазорати нақлиёт ба таваҷҷуҳи интиқолдиҳандагони хатсайрҳои байналмилалии мусофирбарӣ  мерасонад, ки  ки бинобар гузаронидани корҳои таъмирӣ дар гузаргоҳи сарҳадии гумрукии «Гишт куприк»- и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаракати автобусҳои хатсайрҳои мусофирбарӣ муваққатан тавассути гузаргоҳи сарҳадии гумрукии «Ялама» - и ин кишвар  сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора бо истинод ба номаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд.