Ҳамкасбони азиз, кормандони арҷманди маҷмааи нақлиёту роҳ!
Дар давлатдории ҳар кишвар парчам нишони соҳибистиқлолӣ, соҳибихтиёрӣ, соҳиби ватан буданро ифода карда, ҳар давлати муосир тавассути Парчами худ ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.
Парчами Тоҷикистони азизамон, ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватан буда, дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти давлатӣ ба шумор меравад. Ин муқаддасоти миллӣ дар Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл сисолагиашро бо тантана таҷлил кардем, моҳи ноябри соли 1992 қабул гардид. Басо рамзӣ аст, ки таърихи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ аз ин иҷлосияи таърихӣ, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида буд, ибтидо мегирад.
Чун нишони садоқату эҳтиром Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва халқи тоҷик ҳамасола ин рӯзро бо шукуҳу шаҳомат ва эҳтироми бепоён ҷашн мегиранд.
Аз ин хотир ҳамаи Шумоёнро бо ин ҷашни муқаддас, Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, осудагии хонадон ва тавфиқу барори корро таманно мекунам.
Рамзҳои давлатии Тоҷикистон дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллии ҳар як тоҷикистонӣ нақши муҳиму сазовор доранд ва барои ҳар як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоламон боиси ифтихор ҳастанд. Ба хусус ҳангоми иҷрои Суруди миллӣ, зимни баланд бардоштани Парчами давлатии Тоҷикистон дар ҷашну ҳамоишҳои пурнуфузу баландпояи байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин мавриди ғалабаи варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ғурур ва ҳисси миллиро баланд мебардоранд, ҳатто то андозае, ки аз чунин ифтихорот баъзан дар чашм ашки шодӣ ҳалқа мезанад.
Ба хотири мақому манзалати Парчами давлатӣ Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи бунёди Манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон пазируфта шуд ва имрӯз ин манораи бузурги Парчами Тоҷикистон машҳури ҷаҳониён гардидааст. Парчаму парчамдорӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус аз замонҳои қадим ба ҳайси суннатҳои асосии миллати сарбаландамон пазируфта шудааст.
Аз сайри кутоҳи таърихӣ маълумамон мегардад, ки Дирафши Ковиён то замони сукути давлати Сосониён Дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷик будааст. Дар давраи Сосониён шаклаш тағйир ёфта, дар қисми болои он акси паррандаи заррин - мурғи Ҳумо – рамзи орзуву омоли неки миллат ҷой дода шуда, дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб гардида буданд. Дирафш, парчам аз замонҳои қадим то ба имрӯз барои миллати куҳанбунёдамон нишонаи муқаддаси давлатдории миллӣ, озодиву озодагӣ будааст ва фарзандони бузурги миллат барои ҳифзи ин рамзи муқаддас ҷоннисорӣ намудаанд. Дар тӯли таърих ва умуман ҳоло ҳам дар забони муошират аз Парчам бо номҳои гуногун, аз ҷумла: «Байрақ», «Ливо», «Алам», «Дирафш» ва ғайраҳо ном мебаранд. Аммо дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ он ба мафҳуми зебои сирф тоҷикӣ «Парчам» сабт шуда, нишони устуворӣ, пойдории давлат ва забони миллиамон мебошад. Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Агар таърихи давлатдориро варақгардон кунем, аввалин Парчами Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфт ва то соли 1929 Тоҷикистон бо ҳамин Парчам дар таркиби Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ ҳамчун ҷумҳурии мухтор арзи вуҷуд дошт ва баъд тағйир ёфт. Соли 1953 Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон боз тағйир ёфт ва то қабули Парчами нав, яъне соли 1992 дар ҳамон шакл истифода мешуд.
Ба Парчами давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон гуфтаанд: “Нерӯҳои содиқ ба Ватану миллат маҳз зери Парчами давлатӣ сарҷамъ гардиданд ва дар кишвар сулҳу субот, иттиҳоди қавии кулли сокинони мамлакат таъмин карда шуд. Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем.”
Ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории сокинони кишвар, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон Бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллатамон солҳои охир дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин, шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида, ҳоло дар онҳо ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон парафшонӣ мекунаду ин маконҳо ба ҷойи сару истироҳати шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла, ҷавонон табдил ёфтаанд. Парчами миллӣ дар фарози иншооти азим, ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ ва коргоҳу корхонаҳо барафрохта шуд.
Мо аз он ифтихор дорем, ки имрӯз, ки бархе аз кишварҳои ҷаҳон ба даргириҳои сиёсиву иқтисодӣ рубурӯ ҳастанд, мо дар фазои озоду осуда ҷашнҳои милламонро зери ливои сулҳу субот таҷлил мекунем ва Парчами давлатии мо чун рамзи ин давлати соҳибистиқлол дар кишвар ва дигар ақсои олам дар ҷаласаҳо ва мусобиқаву мулоқотҳо парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо ин рӯзи фараҳманд – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, таманно дорам, ки Парчами мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо дар баландиҳо партавфишон бошаду зери ин ливои озодӣ осудагиву истиқлол дар кишвари орому азизамон бардавом бимонад.
Рӯзи Парчами миллӣ муборак, ҳамкасбони азиз!