Ҳамкасбони азиз, муҳтарам кормандони
арҷманди маҷмааи нақлиёти кишвар!
Аз рӯзи тақдирсоз барои халқу Ватан, яъне баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олии кишвар, ки фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуд, 30 сол сипарӣ гардид. Чун ҳамасола ин рӯзи фархунда мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба ҳайси Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи Шуморо бо ин рӯзи саид табрик гуфта, бароятон таманно мекунам, ки шаҳрванди беҳтарин ва содиқи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол бошеду дар партави роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои кишвар ва хонадони ҳар кадоми мо ҳукмфармо бошад.
Аз он рӯзҳои тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардиданашон Сарвари хирадманди кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдирашонро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайвастанд. Ин боиси шукргузорӣ ва ифтихори мост, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат омода аст ҷонашро баҳри он нисор кунад.
Ин маҳбубияти Президентамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мардуми кишвар тақдирашонро танҳо ба ӯ бовар дошта, дар ҳар интихобот танҳо ӯро Президенти Тоҷикистон интихоб карданд ва дар маросими савгандёдкуниашон боз аз садоқати худ ба халқу Ватан чунин баён доштанд: «Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ медиҳам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдории сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам. Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад».
Ин садоқату муҳаббат нисбати халқу Ватан самимӣ буд, ки аз рӯзҳои аввали роҳбариашон таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян карданд. Барои ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу истиқлолияти давлати миллии мо меҳисобанд. Маҳз тавассути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Аз рӯзи аввал ҳамчун сардори давлат қавл доданд, ки гурезагонро ба Ватан баргардонида, ба ҷанг хотима медиҳад, мардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунад. Президенти мо ба қавлаш вафо карданд, фирориёнро ба Ватан баргардонданд, бо кӯшишу заҳматҳо 27-уми июни соли 1997 Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд ва ба ҷанг хотима гузошт.
Бо кӯшиши пайвастаи ӯ халқи тоҷик сарҷамъу муттаҳид гашт, дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд, фарҳанги кӯҳан, номи нобиғаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд. Маҳз тавассути талошҳои Пешвои миллат кишварамон ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохтанашаванда тағйир дод ва ин созандагиҳо ҳанӯз ҳам идома доранд.
Бо назардошти хамаи ин заҳматҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 11-уми декабри соли 1999 барои хизматҳои бузургаш дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ, хизматҳои барҷастааш дар рушду инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарафроз гардонид.