Новости

Blog

Баррасии сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддин Балхӣ – Панҷи Поён бо Бонки Корея

Дата: 11-11-2022 Просмотрено: 2514

Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим 11 ноябри соли 2022 бо намояндагони Бонки содиротию воридотии Корея Ҷанубӣ бо роҳбарии директори Барномаи ҳамкориҳои иқтисодию инноватсионии Эксимбонк Инкю Ҷо мулоқот доир намуд.

Дар мулоқот масоили татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишвар дар соҳаи нақлиёт, бахусус сохтмони минбаъдаи роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибҳо аз ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.   

Ҷониби Бонки кореягӣ ҳавасмандии худро барои кӯмак дар таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии роҳи оҳани мазкур иброз намуда, қайд кард, ки дар ин самт корбарӣ бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  ба роҳ монда хоҳад шуд.