Хабарҳо

slider_img
slider_img

Ҳамоиши тантанавии кормандони соҳаи нақлиёту роҳ бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 11-11-2022 Просмотрено: 2149

 

- Роҳбари давлатамон халқи тоҷикро бузуругу қаҳрамон ва заҳматдӯсту матинирода ном мебарад. Пас бояд сазовори ин гуфтаҳо бошему дар партави роҳбариву ҳидоятҳои Сарвари маҳбубамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои пешрафту шукуфоии кишвар самимона ва софдилона заҳамат кашем. Суханони Пешвои миллат «Тоҷикистон ба пеш» шиори доимии ҳамаи мо бошад, - гуфт вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 30 солагии иҷлосияи Шӯрои Олӣ ва Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 ноябр дар толори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарият ва кормандони соҳаи нақлиёту роҳ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ҳамчунин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон, ходими сиёсиву ҷамъиятӣ, собиқадори меҳнат Бозгул Додихудоева, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кароматуллои Олим ва раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода иштирок ва суханрнӣ намуданд.

Ҳамоиш бо ворид кардани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани Сурурди миллӣ чун рамзи садоқат ба муқаддасоти миллӣ оuоз гардида, баромадкунандагон оид ба таърихи баргузории иҷлосияи тақдирсоз, ки дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд ва аз он рӯзи сарнавиштсоз тамоми ҳастии худро барои сарҷамъиву осудагии халқи тоҷик бахшиданд ҳарф заданд ва аз ҷоннисориҳои Сарвари маҳбуби кишвар дар барқарор намудани сулҳу субот ва ободонии кишвар мисолҳо оварданд.

Хамчунин ҳали толорро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфта, даъват ба амал оварданд, ки ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободиву созандагӣ ва осудагии кишвар бояд бирасанд.  

Иштирокдорони ҳамоиш аз суханронии баромадкунандагон дар бораи аҳамияти таҷлили ин иҷлосияи сарнавиштсоз як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.