Хабарҳо

slider_img
slider_img

Вазъи роҳҳои кишвар

Санаи нашр: 09-11-2022 Просмотрено: 1929

Ба ҳолати 8 ноябри соли 2022 вазъият дар роҳҳои автомобилгарди байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии дар тавозуни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта кушода буда, дар ин масири роҳҳо боришоти борон  идома дорад.

Инчунин, бо сабаби фаромадани кӯҳпора дар км 447-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, мавзеи Хехаки ноҳияи Ванҷ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ гардида, аз тарафи масъулини соҳа бо ёрии техникаву механизмҳои роҳдории Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ роҳ аз куҳпора тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.

Боришоти барф бошад, айни замон дар шаҳрҳои Роғун, Истаравшан ва ноҳияҳои К.Мастчоҳ, Файзобод, Ховалинг, Муъминобод, Ш.Шоҳин, Шаҳристон идома дорад.

Дар тамоми муассисаҳои роҳдорӣ навбатдории шабонарузӣ ташкил карда шуда, ҷиҳати кушода нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард техникаву механизмҳои роҳдорӣ омода карда шудаанд.