Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Нақби мошингузар дар Дарвоз ба истифода дода шуд

Санаи нашр: 07-11-2022 Просмотрено: 2001

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 6 ноябр дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар мавзеи Ширговади ноҳияи Дарвоз нахустин нақби мошингузарро дар қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб Қалъаихум ифтитоҳ намуд. Дар ин бор аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.

Нақби мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалигардонии яке аз ҳадафҳои стратегӣ - аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он бунёд гардид.

Дарозии нақб 365 метр буда, дар он аз ду тараф роҳи пиёдагард бо паҳноии 7 метр низ сохта шудааст. Маблағгузори лоиҳа Гуруҳи ҳамоҳангсози Араб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фармоишгари сохтмон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 7,5 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дода шуда, он аз тарафи ширкати чинии “Чайна роуд& брич корпорейшн” бо сифати баланд бунёд гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани нақб масири роҳ дар қитъаи мазкур як километр кӯтоҳ ва бехатар гардонда шуд.

Сарвазири мамлакат бунёди нақби мошингузарро туҳфаи арзанда ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва нишонаи вусъати корҳои ободию созандагӣ дар Бадахшон маънидод намуд.

Ҳамзамон дар мавзеи Дашти Паткуноби ноҳияи Дарвоз 14 хонаи истиқоматӣ барои хоҷагиҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Умарак бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилоят Алишер Мирзонабот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Қоҳир Расулзода аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибони манзилҳои истиқоматиро бо чунин туҳфаи арзанда дар ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, калиди хонаҳоро дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо тақдим кард.

Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар онҳо Сарвазири кишвар ба соҳибкорони ватандӯст барои дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуд.

Деҳаи навбунёд Сомониён номгузорӣ шуда, хонаҳои истиқоматӣ дар як қатор бо тарҳи муосир ва талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардидаанд.

Ба Қоҳир Расулзода иттилоъ дода шуд, ки дар оянда ба ин ҷо 50 хоҷагӣ аз деҳаҳои атроф, ки хонаҳояшон зери хавф қарор доранд, кӯчонида шуда, ҳамзамон бунёди муассисаи таълимӣ, кӯдакистон, бунгоҳи саломатӣ, чароғонкунӣ ва сабзу хуррамгардонии деҳа пешбинӣ гардидааст.

Сарвазири мамлакат ба роҳбарияти вилоят ва ноҳия дастур дод, ки биноҳои оянда бояд дар ин ҷо бо намои якхела сохта ва бо тамоми шароити рӯзгор таъмин карда шаванд.

Ҳоло ба деҳа хатҳои оби ошомиданию полезӣ ва роҳи мошингард бароварда шудаанд.

Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо сокинони деҳаи Сомониён саломи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо расонда, зикр кард, ки маҳз тавассути дастгирию ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбари давлат ва тинҷию оромӣ имрӯз дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза пайдо намудаанд. Аз баракати ваҳдату истиқлолият симои ҳар шаҳру ноҳия куллан дигаргун гардида, рӯзгори мардум рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст.

Сарвазири мамлакат аз вазъи сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон ёдоварӣ намуда, сокинони деҳаро ба муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ дар гирди сиёсати оқилонаю дурандешонаи Роҳбари давлат даъват намуд.

Сокинони деҳа миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда, гуфтанд, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳо баҳри ободонию шукуфоии Тоҷикистон аз тамоми имконият истифода менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 12 — 18 марти соли равон бинобар бориши зиёд дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бар асари фаромадани сел 14 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардид.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хоҷагиҳои зарардида дар мавзеи Дашти Паткуноби ноҳия замин ҷудо гардида, бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст ва маблағгузории 5 320 ҳазор сомонӣ сохтмони хонаҳои нав оғоз гардид. Дар муддати кӯтоҳ дар ин ҷо манзилҳои истиқоматии барҳавою зебо бунёд гардиданд.

Инчунин дар деҳаи Дашти Паткуноби ноҳияи Дарвоз барои хоҷагиҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Умарак хатҳои оби полезӣ ва ошомиданӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ гардида, дар масоҳати 4 300 метр ба деҳаи навбунёд бароварда шуд.

Пудратчии сохтмон ҶДММ “Дамир” буда, барои сифатнок ба анҷом расонидани корҳои бунёдӣ аз тарафи шарикони рушд зиёда аз 1,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Бо амалӣ гардидани лоиҳа сокинони деҳаи навбунёд имконият пайдо намуданд, ки заминҳои солиёни дароз бекорхобидаи Дашти Паткунобро дар доираи 50 гектар ба гардиши кишоварзӣ дароранд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз амалигардонии лоиҳа изҳори қаноатмандӣ намуда, онро самараи тинҷию амонӣ дар кишвар ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.