Вазири нақлиёти кишвар ҳамчунин қайд кард, ки маблағе, ки барои омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии ин ду қитъаи роҳ пешбинӣ шудаасту ба ширкати машваратчӣ пардохт карда мешавад, ҳамчун кумаки бебозгашти техникӣ барои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст ва он сарбории иловагӣ ба буҷаи кишвар эҷод намекунад.
Рўзи 16 августи соли равон лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникӣ – иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Тугарак - Саричашма - Ш. Шоҳин ва Чашмасор - Лангар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуд.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Агентии татбиқкунандаи лоиҳа Маркази татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Дашанбе-Чанок” мебошад.
Роҳи автомобилгарди Тугарак – Саричашма - Ш. Шоҳин (дарозиаш 48км) аз ҳудуди ноҳияи Восеъ ва Ш. Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад. Он имконияти ҳаракати таворавии воситаҳои нақлиётро низ барои ин минтақа таъмин месозад. Оғози роҳ дар километри 168-и шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма ҷойгир аст.
Татбиқи лоиҳаи мазкур ба сифатан беҳтар гардидани роҳҳои автомобилгарди байнидеҳавӣ, осон гардидани рафтуомади сокинон, афзоиши ҳамлу нақли бор, рушди иқтисодиву иҷтимоии сокинони деҳаҳои пайвастшаванда ба роҳи байналмилалии Душанбе – Кулоб - Хоруғ - Кулма, беҳтар гардидани инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси ошхонаҳои назди роҳӣ, меҳмонхонаҳо, истгоҳҳои таъмири техникӣ, мағозаҳои фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ин тартиб таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Роҳи автомобилгарди Чашмасор-Лангар бо дарозии 8,5 км дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҷойгир мебошад. Оғози сохтмони роҳ аз километри 23,5-уми роҳи автомобилгарди Кулоб-Муъминобод оғоз мегардад. Сохтмони ин қитъаи роҳ низ аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ дошта, ба афзоиш ёфтани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, васеъ гардидани имкониятҳои интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои минтақа ва беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат мекунад, - иброз дошт вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Тугарак-Саричашма — Шӯрообод ва Чашмасор — Лангар» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.