Хабарҳо

slider_img

Посгоҳи сарҳадии "Ҷартеппа" дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон муваққатан баста мешавад

Санаи нашр: 03-11-2022 Просмотрено: 502

Аз 5 то 12 ноябри соли равон дар дидбонгоҳи гумрукии "Ҷартеппа" дар марзи Тоҷикистону Узбакистон, воқеъ дар минтақаи Ургут, маҳдудияти муваққатӣ дар ҳаракати шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешавад, иттилоъ медиҳад «Азия-Плюс» бо истинод ба Kun.uz.

Нуқтаи "Ҷартеппа" дар марзи Узбакистону Тоҷикистон байни шаҳрҳои Самарқанд ва Панҷакент ҷойгир аст.

Бино ба иттилои Раёсати гумруки вилояти Самарқанд, бо мақсади фароҳам овардани роҳати бештар ба шаҳрвандон биноҳои воқеъ дар дидбонгоҳи гумрукии «Ҷартеппа» аз таъмири асосӣ ва ҳудудаш обод карда мешаванд.

Маҳдудият ба категорияҳои зерин дахл надорад:

- кормандони ташкилотҳои дипломатӣ ва байналмилалӣ;

-  шахсоне, ки аъзои њайатњои расми (давлати) мебошанд;

- кормандони ташкилотҳои хориҷӣ, ки дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ кор мекунанд;

- ронандагоне, ки боркашонии байналмилалиро анчом медињанд;

- шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд;

- шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба кишвари худ бармегарданд;

– шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд

Қаблан аз 5 то 16 сентябри соли 2022 постгоҳи гумрукии Ҷартеппа бинобар таъмири асосии биноҳо ва корҳои кабудизоркунӣ муваққатан баста шуда буд.