Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Баррасии масъалаи рақамикунонӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ

Санаи нашр: 02-11-2022 Просмотрено: 488

Рӯзи 27-уми октябри соли равон вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ  Ян Хоуксворт - мутахассиси варзида, Тесса Калин - мутахассиси идоравӣ  ва Абдул Хамид Халилӣ - мутахассис оид ба нақлиёт мулоқот доир намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муайян кардани монеаҳои институтсионалӣ ва меъёриро дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиёти кишварро, ки аз ҷониби бонки мазкур маблағгузорӣ мешаванд мавриди муҳокима қарор доданд.

Вазири нақлиёт аз ҳамкориҳои судманд бо Бонки мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки дар даврони соҳибстиқлолии кишвар дар соҳаи нақлиёт ба маблағи 204, 4 миллион доллари ИМА аз ҳисоби маблағгузории Бонк лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ гардидаанд, ки 154 миллионро аз он кумаки бебозгашт ва 50, 4 миллионро маблағҳои қарзӣ ташкил медиҳанд. Айни ҳол бо маблағгузории Бонки мазкур дар соҳаи нақлиёту роҳ се лоиҳа ба маблағи умумии 160, 4 миллион доллар мавриди татбиқ қарор доранд.

Вазири нақлиёти кишвар ҳамчунин ташкили КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”  ва самтҳои фаъолияти онро баррасӣ намуда,  моҳияти гузаштан ба сохти рақамикунониро дар пешрафти кори соҳа ба таври мушаххас баён кард ва дар амал татбиқ гардидани ин лоиҳаро манфиатовар арзёбӣ намуд.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ низ масъаларо манфиатовар ва муҳим ҳисобида, омодагии худро ҷиҳати баррасии ин масъала баён доштанд. Дар ин иртибот  пешниҳод карданд, ки  ҷиҳати бозомӯзӣ ҳуҷҷатҳои лозимаро бояд манзур намоянд. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба дигар паҳлуҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт мубодилаи афкор намуда, дар иҷрои минбаъдаи лоиҳаҳои нав оид ба сохтмон ва таҷдиди роҳҳо тавассути ҷалби маблағгузорӣ ҳавасмандии худро баён доштанд.