Новости

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Ҷашни рӯзи Конститутсия дар Вазорат

Дата: 02-11-2022 Просмотрено: 1153

Рӯзи 2-уми ноябри соли равон дар Вазорати нақлиёт ба ифтихори 28 — умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кулли кормандони дастгоҳи марказии Вазорат баргузор гардид. Нахуст муовнин аввали – вазири нақлиёт Бобозода Раҳим Бозор табрикоти вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳимро ба ифтихори 28-умин солгарди ҷашни фархундаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин расонда барояшон саодатмандию сарбаландӣ ва осудагии кишвару хонадонро таманно намуд.

Қайд гардид, ки, кормандони Вазорати нақлиёт дар ҳамбастагӣ бо тамоми мардуми шарифи Ватан баҳри вусъат бахшидани корҳои ободониву баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу иҷтимоии кишвар ва устувор нигоҳ доштани он, инчунин фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони азиз тамоми донишу малака ва қудрату тавоноии хешро равона хоҳанд кард. Ӯ ҳамчунин ҷавонони Вазорати нақлиётро ба эҳтиром аз ин бахтномаи миллат ва риояи муқаррароти он даъват намуд.

Номбурда қайд кард, ки бигзор, Бахтномаи миллати тоҷик – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кафили сулҳу субот, ҳомии давлату ҷомеа дар кишвари азизамон ҳамеша устувору побарҷо бошад.

Сипас кормандони маҷамааи нақлиёт аз ҷумла, Раиси Иттифоқи Касабаи кормандони роҳу нақлиёти кишвар ҶТ Нисо Бобоева, мутахассиси бахши ҳуқуқ Қодирзода Шаҳноза, сардори шӯъбаи иттилоот МД «НАХЛ» Гулаҳмадов Некруз ва дигарон баромад намуда, фикр андешаҳои худро дар бораи ин қонуни тақдирсоз баён доштанд. Нисо Бобоева аз ҷумла, бобҳои Констутсияро ба иштирокдорон шарҳу тавзеҳ дода, дар бораи мафҳум ва муҳимияти он ҳарф зад.