Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пули мошингузарро мавриди истифода қарор доданд

Санаи нашр: 24-10-2022 Просмотрено: 1457

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи байналмилалии «Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин» пули мошингузарро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар асоси Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Кӯлоб қитъаи А», «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин» бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби пудратчии асосӣ — Филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳандиси сохтмонии Синтзян» аз 22 феврали соли 2018 амалӣ гашта, бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Мувофиқи маълумоти сохтмончиён дарозии пул 140 ва паҳноиаш 10 метр буда, иқтидори борбардории он 100 тонна мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз иншоот ба кори сохтмончиёну роҳсозон баҳои баланд додаанд.

Пули мазкур ҳамчун қисми таркибии сохтмони роҳи байналмилалии “Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма” ба шумор рафта, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат бо мақсади раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионии ҷумҳурӣ, амалӣ гашта, монеа ва мушкилоти мавҷударо дар рафту омади ҳамагуна нақлиёт бартараф месозад.

Бунёди роҳу пулҳо дар замони соҳибистиқлолӣ пеш аз ҳама ба таъмини рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот, инчунин ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон замина фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки 11 сентябри соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи мошингарди “Кӯлоб-Қалъаи Хумб” дар қитъаи “А”, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мепайвандад, оғоз бахшид буданд.

5 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин”-ро ифтитоҳ карда буданд.

Роҳи автомобилгарди “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин” дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, пойтахти мамлакат — шаҳри Душанберо бо шаҳри Кӯлоб, нохияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин наздик сохта, яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Дар ин шоҳроҳ 3 пул мавҷуд буда, 2 адади он навсозӣ ва пули нав дар километри 23-юми роҳ дар як мавзеи бар асари офати табиӣ харобгардида бунёд шудааст.

То имрӯз рафту омади воситаҳои нақлиёт бо роҳи муваққатӣ сурат мегирифт, ки он хароҷоти иловагӣ ва вақти зиёдро талаб менамуд. Ба хусус дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ин қитъаи роҳ ҳаракати ҳамагуна воситаи нақлиёт мушкил буд.

Ҳангоми сохтмони пул аз тарафи мутахассисони роҳсоз қубурҳои обгузар васл карда шуда, корҳо дар самти бунёди такядеворҳои оҳану бетонӣ, мумфаршкунии қабатҳои алоҳидаи роҳ бо сифати баланд ба анҷом расонда шудааст.

Меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмони роҳ ба дараҷаи 3-юми техникӣ дохил гардида, аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии он ба 12 метр баробар мебошад ва паҳноии қисмати роҳи мошингард бошад, 7 метрро ташкил медиҳад.