Хабарҳо

slider_img
slider_img

Чихел корманди Хадамотро мошини «Камаз» зер кард?

Санаи нашр: 26-10-2022 Просмотрено: 2013

Юсуфзода Иброҳим – корманди «Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт» дар минтақаи Ҳисор ҳангоми адои вазифаи хидматӣ зери чархи мошини боркаш монда, ҷароҳати сахти ҷисмонӣ  бардоштааст.

Ин ҳодиса 20 - уми октябри соли 2022 дар ҷамоати Султонободи ноҳияи Рудакӣ рух дод. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида навбатдорӣ дар нуқати баркашии мавзеи Султонобод кормандони Раёсати ХДНТ – и минтақаи Ҳисор Юсуфзода Иброҳим ва Холов Шуҳрат, инчунин 2 нафар эксперти филиали КВД «МСКХСН» дар минтақаи Ҳисор навбатдорӣ доштанд.

Соати 11 – 12 – и рӯз мошини «Камаз», (рақами давлатиаш 42 – 98 ВК03), ки    таҳти идораи ронанда Раҷабзода Илҳом Раҷаббек, сокини ноҳияи Ёвон қарор дошт аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон равон буд. Ронанда ба ишораи корманди ХДНТ дар соҳаи нақлиёт итоҳат накарда, Юсуфзода Иброҳимро пахш намуда гузашт ва баъди 15 – 20 метр истод. Юсуфзодаро ҳамкоронаш фавран ба беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ оварда, пас аз расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, беморро ба беморхонаи маҳаллаи Медгородок бурданд. Дар натиҷаи муоинаи тиббӣ табибон  қарор карданд, ки  ҷарроҳӣ ягона роҳи наҷоти бемор аст. Сипас, як пои Юсуфзода Иброҳим аз қисмати зону то поин бурида шуда, устухони пои дигараш кафидааст. Вазъи саломатии бемор вазнин аст.

Ронанда ба ҷавобгарӣ кашида шуда, нисбати ӯ чораҷӯӣ идома дорад.