Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Корхонаҳои беҳтарин муайян гардиданд

Санаи нашр: 25-10-2022 Просмотрено: 1591

Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа», ки рӯзҳои 18 – 19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардида буд, озмуни «Беҳтарин корхонаи нақлиёти автомобилӣ, терминали нақлиётӣ, ронанда ва логистик» аз рӯи ҳаҷм, сифати боркашонӣ, мусофирбарӣ, фаъолияти терминалҳои нақлиётӣ, дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ ва логистика байни корхонаҳои нақлиётии кишвар гузаронда шуд. Ғолибони озмун аз ҷониби комиссия муайян гардида, дар рӯзи ҷамъбасти кори Конфронс дар ҳузури иштирокчиёни конфронс бо Дипломҳо сарфароз гардонда шуданд.

Дар Озмун аз рӯи номинатсияи “Корхонаи беҳтарини боркаш” ҷойи аввалро  ҶДММ «Хатлон Транс» - и шаҳри Бохтар, ҷойи дуюм –ҶДММ  “Сумайё”  - и ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷойи сеюмро ҶДММ «Азия Транс» - и шаҳри Душанбе ишuол намуданд.

 Аз рӯи номинатсияи “Корхонаи беҳтарини мусофирбарӣ” бо ҷойи аввал ККВД «Автобус 2» - шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм - ҶСК «Сайёр »  - и ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров  ва бо ҷойи сеюм – ҶДММ “Сорбон” – и  шаҳри Хуҷанд сазовор гардиданд.

Аз рӯи номинатсияи  “Терминали беҳтарини мусофирбарӣ” ҷойи аввал насиби  Терминали «Asia Express Terminal»  - и шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм – ҶДММ Терминали мусофирбарии «Кӯлоб» ва ҷойи сеюм насиби  Терминали «Фархор» гардид.

Аз рӯи номинатсияи “Терминали беҳтарини боркашонӣ” ҷойи аввалро ҶСП «Тоҷиквнештранс» - и шаҳри  Душанбе, ҷойи дуюм ро Терминали байнисарҳадии «Дӯстӣ» - и шаҳри Турсунзода,ҷойи сеюмро ҶСК Терминали боркашонии «Хизматгор» - и ноҳияи Шуғнони ВМКБ ишuол намуданд.

Аз рӯи номинатсияи   “Ронандаи беҳтарин” - Ғаниев Абдумуқаддис  ронандаи ҶДММ «Наҷот»,  Шамсов Тоҷиддин Давлатшоевич ронандаи  ҶДММ “Таҷ-Тай”-и   шаҳри Душанбе” ва Давлатов Холмурод ронандаи хатсайри №55–“ККВД- 3” шаҳри Душанбе беҳтарин ронанда интихоб гардиданд.