Новости

slider_img
slider_img

Мукофотҳои байналмилалӣ ба нақлиётчиёни кишвар

Дата: 24-10-2022 Просмотрено: 1516

Дар доираи Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа», ки рӯзҳои 18 – 19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ҳайси Академики академияи байналмилалии нақлиётӣ пазируфта шуд.

 Ҳамчунин муовини вазири нақлиёти кишвар  Неъматзода Фаррух Неъмат ва сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт  Қурбонзода Далер бо медали фахрии Академияи байналмилалии нақлиётии ба номи  Лихачев Иван Алексеевич,  сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон бо медалии фахрии ба номи Мелников Павел Петрович ва муовини директори агентии Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Азиз Абдусамад бо медалии фахрии ба номи  Жуковский Николай Егорович сарфароз гардонда шуданд.