Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Мулоқотҳо дар доираи кори конфронси байналмилалӣ

Санаи нашр: 24-10-2022 Просмотрено: 1524

Рӯзи 18-уми октябри соли равон дар доираи Конфронси байналмилалии илмӣ –амалӣ дар мавзӯъи «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа»  Вазири нақлиёти кишвар Азим Имброҳим бо роҳбарони гуруҳои кории кишварҳои хориҷи мулоқотҳои ду ҷониба ва сеҷонибаро  анҷом дод.

Аз ҷумла, бо гуруҳи кории Ӯзбекистон бо роҳбарии вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов, бо роҳбари гуруҳи кории Ҷумҳурии исломии Эрон - муовини вазири нақлиёт ин кишвар Шаҳриёр Афандизода, намояндаи ширкати логистикии Ҷумҳурии Туркманистон Акамаммадов Гуванчимират Язимович ва директори ширкати логистикӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин Лин Ли ва намояндаи ширкати логистикии Туркия Мехмет Алтай мулоқот намуда, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёту роҳ ва амалӣ намудани нақшаҳои дар Конфронс баррасигардидаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва пешниҳоди таклифу дархостҳо дар бобати пиёда сохтани барноми ташкили долни мултимодалии "Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия", ки дар Конфронс мавриди таҳлил қарор дода шуд, омодагии худро баён доштанд.