Рӯзи 7 – октябри соли равон дар Терминали байналмилалии ҶСК «Тоҷиквнештранс» ҳамоиши кушодашавии лоиҳаи озмоишии GTrD – Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ баргузор гардид. Пеш аз оғози ҳамоиш иштирокчиён дар парки техникии терминали «Тоҷиквнештранс» бо тарзи кор ҳангоми боркуниву борфурорӣ ва аз қайди рақамӣ гузаштани контейнерҳо шинос шуданд.
Вазири нақлиёти кишвар оид ба мақсади ташкили лоиҳаи мазкур, манфиат ва мавқеи он дар рушди соҳа ва ғанӣ гардонадани буҷети давлат, сарфаи вақту мабалағ барои кишварҳои шомили лоиҳа ҳарф зада, аз ҷумла иброз дошт, ки глобализатсия ва контейнеризатсия ду омили калидӣ мебошанд, ки самти рушди нақлиёт ва логистика, ҳамчун дурнамои долонҳои нақлиётии мултимодалиро муайян мекунад.
Глобализатсия ба афзоиши савдо ва ҳамлу нақли байналмилалии бор, ҳамчунин ба васеъкунии ҷуғрофияи боркашонӣ мусоидат мекунад.
Қариб тамоми кишварҳои трансконтиненталӣ, аз ҷумла, самти Авруосиё ба истиснои борҳои моеъ ва яклухт бо контейнерҳо амалӣ карда мешаванд. Бояд қайд кард, ки кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд аз контейнер истифода мекунанд. Айни ҳол ҳамлу нақли тавассути контейнер бо мушкилоти гунонгун рӯбарӯ мешавад. Чунки ҳуҷҷати тарнзитии боркашонӣ, ки кафолатҳои гумрукиро таъмин менамояд истифода намекунанд. Дар ҳоле ки механизми кафолати транзити гумрукӣ дар тамоми масири контейнер ва тамоми намудҳои муқаррарии нақлиёт вуҷуд надорад.
Ташкили истифода аз чунин ҳуҷҷат ба сарфаи вақт ҳангоми интиқол низ мусоидат хоҳад кард.
Оид ба тарзи истифода ва коркарди ҳуҷҷати мазкур, роҳҳои дар амал татбиқ намудани он намояндагони ташкилотҳои болозикр аз рӯи рӯнамо баромад намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Котиби Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ Рунов Игорь ва директори ҶСП «Тоҷиквнештранс» - Болтаев Сорбон шартномаи ҳамкориро ба имзо расонданд.
Ҳамчунин намунаи варақаҳои Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ (GTrD) - ро ба роҳбарони ширкатҳое, ки дар татбиқи лоиҳа саҳимгузоранд, аз ҷумла ба вазири нақлиёти кишвар тақдим намуданд.