Хабарҳо

Blog

Оғози лоиҳаи озмоишии ҳамлу нақли мултимодалии бор

Санаи нашр: 17-10-2022 Просмотрено: 1948

Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа», ки  рӯзҳои 18 – 19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид рӯзи 17 октябр маросими оғози лоиҳаи озмоишии ҳамлу нақли мултимодалии бор тавассути долони "Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия" дар истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб доир гардид.

Дар ин маросим намояндагони Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ, Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА, намояндагони соҳаи ақлиёту роҳ аз ҷумҳуриҳои Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Туркия иштирок доштанд.

Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим барои иштирок дар кори ҳамоиш ба ҳозирин арзи сипос намуда, қайд кард, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат табдил додани Тоҷикистон ба як кишвари муосири транзитӣ мебошад ва роҳандозӣ намудани лоиҳаи мазкур низ пиёда сохтмни ин матлаб аст.

Ин долон бо назардошти кам шудани масофа ва арзон гардидани арзиши интиқоли мол нисбат ба долонҳои мавҷуда самаранок буда, пайвастани он тавассути роҳи автомобилгарди қаламрави Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба эҳёи Шоҳороҳи бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақа мусоидат мекунад.

Қайд гардид, ки барои ташкил намудани боркашонии мултимодалӣ терминали нави боркашонӣ бо майдони борфурорӣ дар масоҳати 7 гектар ташкил шудааст, ки ба он 4 хатти роҳи оҳан пайваст шуда, ҳамчунин барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб нуқтаи гумрук мавҷуд аст. Иқтидори боркунӣ ва борфарурии терминали боркаш дар як шабонарӯз ҳудуди 3600 тоннаро ташкил медиҳад.

Дарозии умумии масири роҳи оҳан 1221 км буда, он аз истгоҳи роҳи оҳани Сарахс (Эрон) тавассути қаламрави Туркманистон 794 км, аз қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон 131 км ва минбаъд тавассути гузаргоҳи байнидавлатии Амузанг - Хушодӣ то истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб 296 километрро дар бар гирифта, роҳи автомбилгард аз Кӯлоб то Қулм - Қарасу 800 километр мебошад.

Муҳлати боркашонӣ аз истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ба Туркманистон тақрибан 7 - 8 рӯзро дар бар мегирад.