Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Сухани ифтитоҳии вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар оғози кори Конфронс.

Санаи нашр: 18-10-2022 Просмотрено: 3166

Ҳамкасбони мӯҳтарам, хонумон ва ҷанобон!

Аз номи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам шуморо ба Тоҷикистони офтобии меҳмоннавоз хайра мақдам мегӯям! Ман ба ҳамаи шумо барои қабули даъват ва иштирок дар чорабинии имрӯза изҳори сипос мекунам.

Имрӯз рушди иқтисодиёти ҳар кишварро бе рушди логистика тасаввур кардан душвор аст, зеро тараққиёти сохторҳои логистикӣ натиҷаи як қатор тамоюлҳои ҷаҳонии рушди ҷаҳон мебошад.

Логистика дар ҳаёти ҳар ҷамъият мавқеи муҳимро ишғол мекунад, ва бисёр чиз ба ташкили дурусти он вобаста аст.

Айни замон логистика тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакатро ҳамчун маҷмуи раванди ташкилӣ, идоракунӣ ва истеҳсолию технологӣ ба ҳам пайваст мекунад.

Дар робита ба ин, Конфронси мазкур як платформаи муносиб барои баррасии масъалаҳо ва табодули таҷриба оид ба рушди соҳаи нақлиёт, логистика бо таваҷҷӯҳ ба ҳамгироии сохти мултимодалии ҳамлу нақл, ҷорӣ намудани системаҳои устувори нақлиёт ва рақамикунонии равандҳои нақлиёт мебошад.

Ба замми ин барои барқарор кардани робитаҳои нав, таҳкими ҳамкориҳои ҷорӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштарак бисёр мувофиқ аст.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи дигари стратегиро муайян кардааст, ки ба индустрикунонии кишвар нигаронида шудааст.

Инфрасохтори рушдёфтаи нақлиёт ҳамчун унсури муҳими занҷири логистикӣ дар ин робита нақши системаи нақлиётро дар рушди саноат баланд мебардорад.

Дар ин самт бо ташабуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои рушди соҳаи нақлиёт аз ҳисоби буҷети давлат, шарикони рушд ва ташкилотҳои байналмилалии сармоягоузорӣ 60 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи  2 млрд доллари ИМА татбиқ гардиданд.

Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ зиёда аз 2400 километр шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва дигар инфрасохтори нақлиётии ҷавобгӯ ба стандартҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, имрӯз кор дар ифтитоҳи долони мултимодалии Тоҷикистон – Узбакистон – Туркманистон – Эрон – Туркия идома доранд. Истифодаи ин долон аз нигоҳи кам кардани масофа ва арзиши ҳамлу нақли бор нисбат ба долонҳои мавҷуда самаранок мебошад. Бартарии дигари ин долон пайвастани он тавассути қаламрави Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки ба эҳёи Шоҳроҳи бузурги абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақа мусоидат мекунад.

Ҳамин тариқ, бо дастгирии институтҳои молиявии байналмилалӣ лоиҳаи автоматикунонии системаи идоракунӣ амалӣ гардида, корҳо оид ба ҷорӣ намудани имкони ҷойгиркунии онлайн барои интиқоли молҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

Мутахассисон дар баромаду маърузаҳои худ дар бораи комёбиҳо, мушкилот ва самтҳои нави рушди саноат маълумоти бештар хоҳанд дод.

Боварӣ дорам, ки конфронс ба ҳалли муҳимтарин вазифа – таъмини рушди устувори маркази мултимодалӣ, оғози самараноки истифодаи долони нав дар самти Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон- саҳм мегузорад.