Дар Вазорати нақлиёти кишвар ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ миёни кормандони Дастгоҳи марказии вазорат 7-уми октябр Таҳти унвони «Забон- пояи миллат» озмун баргузор гардид.
Озмун ба хотири поку беолоишу бегазанд пос доштани забони давлатӣ, афзудани сатҳу завқ ва иштиёқи забондонии кормандони ҷавон ва тавсеаи минбаъдаи забони тоҷикӣ миёни ҷавонони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Дар озмун ду дастаи 5 - нафарӣ аз рӯи шартҳои зерин: муаррифии иштирокдорон, саломномаи дастаҳо, қироати шеър дар мавзӯи забони давлатӣ, намоиши саҳначаи ҳаҷвӣ, байтбарак, нақли порчаи насрӣ аз эҷодиёти адибони тоҷик ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳар ду дастаи иштироккардагон – дастаи «Ганҷина» ва «Дониш» (ҳамагӣ 10 нафар) баъди ҷамъбасти озмун бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои дигари Вазорати нақлиёт сарфароз гардиданд.
Муовини Вазири нақлиёти кишвар Фаррух Неъматзода аз Шӯрои ҷавонон ва Шӯрои бонувони вазорат даъват ба амал овард, ки дар ҷашнҳои дигари миллӣ низ ин ибтикоротро давом дода, ҳам дар фаъолият ва ҳам дар чунин баргузориҳо пешсафу саҳим бошанд.