Дар Вазорати нақлиёт 7 октябр вохӯрии вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Дмитрий Марясин баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои фаъолгардонии ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиётро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо вобаста ба Созишнома ва Конвенсияҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон имзошуда, шоҳроҳҳои тавассути ҳудуди Тоҷикистон амалкунанда, терминалҳои (бандарҳои хушкӣ) мавҷуда мубодилаи афкор намуда, густариши ҳамкориҳоро дар самти табодули таҷрибаи пешрафта, бунёди марказҳои логистикӣ, пайвасти шабакаҳои нақлиётии минтақа ва бо кишварҳои ғарб, инчунин ҷорӣ намудани системаи муосири рақамикунонӣ дар соҳаи нақлиётро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон, муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Дмитрий Марясин аз роҳбарияти Вазорат даъват ба амал овард, ки ҷиҳати шомилшавӣ ба дигар Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалии СММ, ки дар самти соҳаи нақлиёт қабул гардидаанд, тадбирҳо андешанд. Ҷонибҳо ба роҳ мондани ҳамкориро дар ин ҷода баён намуданд.