- Ба Бонки Осиёии Рушд барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ дар рушди бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус соҳаи нақлиёт, арзи спос менамоям. Саҳми Бонки Осиёии Рушд дар пешрафти соҳаи нақлиёти кишвар, ки тавассути маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳа амалӣ мегардад, хеле зиёд аст, - гуфт вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар вохӯрӣ бо намояндагони БОР, ки рӯзи 11 октябри соли равон баргузор гардид.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар ба беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ, бахусус сохтмони роҳҳо, саҳми БОР дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиёт сухан карда, барои кумаку дастгирӣ дар татбиқи лоиҳаҳо ба намояндагони бонк арзи сипос намуд. Вазир оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод, татбиқи лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо», «Дастгирии тавонмандии Вазорати нақлиёт барои такмил додани банақшагирӣ ва татбиқи он», ки бо кумаку дастгирии БОР дар марҳилаи татбиқ қарор доранд, маълумоти муфассал дода, муваффақияту норасоиҳои ин лоиҳаҳоро баррасӣ намуд. Ҳамчунин изҳор дошт, ки умедворем минбаъд ҳамкориро боз ҳам зичтар ба роҳ хоҳем монд.
Роҳбари намояндагони БОР Хидеки Ивасаки низ аз ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёт изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки лоиҳаҳои пешниҳодшуда мавриди таваҷчуҳи мо қарор дошта, ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда корҳои омӯзишӣ идома доранд. Ба ғайр аз ин мо омодаем дар соҳаи роҳи оҳан низ бо Вазорат ҳамкорӣ намоем.
Дар вохӯрӣ масоили дигари марбут ба лоиҳаҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазир барои кумаки БОР дар татбиқи барномаи «Дастгирии иқтидори Вазорати наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмил додани малакаҳои банақшагирӣ ва татбики он», ки нав оғоз кардааст, арзи сипос намуд.