Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки фаъолонаи кормандони хадамоту муассисаҳои роҳи оҳан ва даъвати масъулини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (шоир Ато Мирхоҷа ва нависанда Сироҷиддин Икромӣ), Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур (Дилбар Абдураҳимова) рӯзи 5 октябри соли 2022 дар Боѓи фарҳангу фароѓати роҳиоҳанчиён маҷлиси тантанавӣ ва маҳфили адабии «Пешвои муаззами миллат ва рушди забони тоҷикӣ» доир намуд.
Адибон доир ба мухтасари мӯҳтавои китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат», марҳилаҳои рушди забони адабии тоҷик дар ҳавзаи Мовароуннаҳру Хуросон ва таърихи таҳаввули он, инчунин масъалаҳои саҳми Ҳукумати кишвар дар рушди забони давлатӣ, таҳкими заминаҳои моддӣ-техникии соҳа, татбиқи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва зарурати омӯзиши дигар забонҳо маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.