Дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Турсунзода бо иштироки вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз 2 октябри соли равон пули 30 - метра ва роҳҳои маҳаллӣ пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, муовини вазири нақлиёт Неъматзода Фаррух ва масъулини дигар иштирок доштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки пулро кормандони МДНРА – и Вазорати нақлиёт дар шаҳри Турсунзода бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо маблағи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохтаанд. Паймонкори сохтмон ширкати «Осиё» буда, дар ҳамкорӣ бо кормандони МДНРА – и шаҳри Турсунзода дар муддати кутоҳ сохтмони пулро анҷом доданд. Ин пул роҳи сокинони кӯчаи мазкурро ба мактаби навсохташуда наздиктар ва осон гардонд.
Ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Турсунзода 20,9 километр роҳҳои байни деҳаҳо ва маҳаллаҳо таҷдиду навсозӣ гардиданд, ки 2,7 километри ин роҳ дар маркази шаҳр қарор дошта, 3, 2 километр дар деҳаи Чиртаки Ҷамоати деҳоти Навобод, 8 километр роҳ дар деҳаи Шаҳрисабзи Ҷамоати Регар ва 1 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Пахтаобод таҷдиду навсозӣ карда шуданд.
Зимни боздид аз роҳҳои мазкур гуруҳи корӣ бо сокинони маҳаллаҳо вохӯрӣ намуда, барои саҳмгузориашон дар дастгирии ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои ободониву созандагӣ изҳори сипос намуданд.
Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳо иброз дошт, ки ободиву созандагӣ аз осудагиву амонии кишвар вобаста аст. Ҳамаи ин пешравиҳо, сохтмони роҳу пул, муассисаҳои таълимиву беморхонаҳо ва дигар иншооти хизмати маишӣ, бунёди ҳазорон боғу гулгаштҳо дар кишвар аз он дарак медиҳад, ки мо дар давлати орому осуда зиндагӣ мекунем ва ин осудагиву оромӣ маҳз заҳмату талошҳои шабонарӯзии Сарвари хирадманди давлат, Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст. Мо аз ин дастоварди беназири Истиқлоли давлатӣ бояд шукргузор бошем.
Вазири нақлиёт ба аҳли ҷамоатчигӣ ва соҳибкороне, ки дар ободониву созандагӣ саҳим буданд, изҳори сипос намуда, қайд кард, ки роҳу пулҳое, ки сохтеду обод кардед, корҳое, ки анҷом додаед, дар таърих мемонад ва ҳар раҳгузару сокинони муқимӣ номи шуморо ба некӣ ёд хоҳад кард. Мегӯянд як санги роҳро бардошта дур андохтан савоб аст, вале бибинед, чӣ қадар савоб ба даст меояд агар роҳе обод гардад ё биное сохта шавад.
Азим Иброҳим илова кард, ки 5 октябр мо Рӯзи забони давлатиро ҷашн мегирем ва аз ин хотир ҳамаи шуморо қаблан бо ин ҷашн табрик мегӯям. Барои пешрафти кор ва ба ҷаҳони мутамаддин роҳ ёфтан мо бояд забони хориҷиро омӯзем, вале забони худро эҳтиром гузорем. Вазир аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ба донишомӯзии фарзандон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.
Вазир ҳамчунин оид ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар таҳкими сулҳу салоҳ, тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳифзи забони модарӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи инсондӯстӣ ҳарф зада, ҳамагонро ба қадрдониву посдории муқаддасоти миллӣ даъват намуд.